Сорбон Латипов дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо соҳиби медали биринҷӣ гардид

Варзишгари тоҷик Сорбон Латипов дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо барои дарёфти ҷоизаҳои Президенти Қазоқистон соҳиби медали биринҷӣ гардид. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур аз 30 ноябр то 1 декабр  дар шаҳри Нурсултон доир гардида, дар он  150 нафар варзишгар аз 13 давлат иштирок намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дар ин мусобиқа  4 варзишгар: Сорбон Латипов (вазни — 62кг) дар самбои варзишӣ, Акмал Давлатов (62кг), Муҳаммад Гуреззода (68кг) ва Шаҳром Шералиев (82кг) дар самбои размӣ муаррифӣ намуданд. Танҳо ба Сорбон Латифов муяссар шуд, ки соҳиби ҷоиза гардад.

Ёдовар мешавем, ки Сорбон Латифов аввали моҳи ноябр дар Чемпионати ҷаҳон дар  Корея дар самбои размӣ медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

АМИТ «Ховар»

Tags: