Дар шаҳри Лоҳури Покистон бар асари таркиш 34 нафар маҷрӯҳ гардиданд. Дар ин бора агентии «Франс Пресс» бо истинод ба намояндагони мақомоти маҳаллӣ хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур шоми душанбе дар минтақаи Исломпур, воқеъ дар ғарби шаҳр ба вуқӯъ пайвастааст. Мавҷи таркиш ба мошинҳо ва биноҳои наздик ба ҷойи ҳодиса низ хисорот расондааст.
«Дар мошини боркаши ҳомили меваҳо дастгоҳи тарканда муҷаҳҳаз шуда буд, 34 нафар, аз ҷумла роҳгузарон маҷрӯҳ гардиданд», — гуфт намояндаи мақомоти маҳаллӣ Абдуллохон Сумбал ба агентӣ.