Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои вилояти Суғд чун дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ корҳои кишти саҳроӣ, аз ҷумла, кишти зироати баҳорӣ босуръат ҷараён доранд.
Чуноне аз Сарраёсати идораи кишоварзии вилоят иттилоъ доданд, соли равон кишоварзони вилояти Суғд азм гирифтаанд, ки майдони кишти картошкаро 5615 гектар зиёд намуда, ба ин восита дар фаровон гардонидани бозори дохилии кишоварзӣ ва арзон намудани нархи аслии маҳсулот саҳми назаррас гузоранд.
Агар соли 2017 дар вилоят майдони кишти картошка 8935 гектарро ташкил дода бошад, пас соли равон он ба 14 ҳазору 550 га расонида мешавад. То 3 апрел дар майдони 3525 га кишти картошка анҷом дода шуд. Дар маҷмӯъ, аз 14 ноҳияи кишоварзии вилоят майдони бештари кишти картошка дар ноҳияҳои Деваштич (3200 га), Панҷакент (3000 га), Истаравшан (2500 га), Кӯҳистони Мастчоҳ (1600 га), Шаҳристон (1500 га) ва Исфара (1000 га) ҷойгир буда, то имрӯз дар ноҳияҳои Ҷ.Расулов, Спитамен, Мастчоҳ, Б.Ғафуров ва Ашт корҳои кишоварзӣ хубтар ба роҳ монда шудаанд.
АМИТ "Ховар"