Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст.

Имрӯз, 5 март дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа ва рӯзона 14-19 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои  абрноки тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ шудааст. Ҳаво  шабона 0-5 дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон ҳаво  тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 4-9  метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 5-10 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда пешбинӣ шуда, ҳаво шабона 4-6 ва рӯзона 17-19 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ "Ховар"