Сокинони маҳаллаи марзии Баҳори ҷамоати Овчӣ-Қалъача: «Танҳо тавассути дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром ба расму оини неки ҳамсоядорӣ метавонем осуда ва аҳлона зиндагӣ намоем»

Дар паи тирпаронии бегоҳии 16 сентябр дар ҳудуди марзии Тоҷикистону Қирғизистон, яъне дар  маҳаллаи Баҳори ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров се марзбони тоҷик як подполковник ва ду сарбоз кушта шуданд. Инҳо подполковник Рустам Убайдуллоев ва ду сарбози қаторӣ Рамазон Исломов ва Илёсиддин Субҳонов мебошанд.

Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” дар вилояти Суғд, ки аз ҷои ҳодиса дидан намуд, муноқишаи  мазкур бар асари оғози сохтмони ғайриқонунии марзбонони қирғиз дар мавзеи баҳсии байни ду маҳалла – Баҳори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақсади  Ҷумҳурии Қирғизистон ва эътирози мардуми маҳаллаи Баҳор ба вуқӯъ пайвастааст.

Мавзеи асосии баҳси навбатӣ  нисбат ба аҳолии маҳаллаи Баҳори ҷамоати Овчӣ-Қалъача- ин майдони варзишгоҳест, ки паҳлуи мактаби умумии №8-и маҳалла ҷойгир буда, давоми чандин сол аз ҷониби ҷавонони ҳарду давлат дар самти ташкили мусобиқаҳои варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дошт. Ба андешаи даъвогарон, гӯё ин майдони варзишгоҳ дар мавзеи баҳсӣ, яъне хатти сарҳадӣ қарор дошта, он набояд аз ҷониби сокинони ин маҳаллаи тоҷикнишин истифода гардад. Ҳол он ки худи қирғизҳо  дар ин мавзеъ нақшаи сохтмони дидбонгоҳи ҳарбии худро доштанд ва кӯшиш карданд, то бо овардани масолеҳи сохтмонӣ дар ин мавзеъ пойдевори онро бунёд намоянд. Ин амали бе розигӣ, бе огоҳӣ ва бе мувофиқаи қирғизҳо  бо сохторҳои дахлдори Тоҷикистон ба нофаҳмиву амали хунин оварда расонид.

Чуноне муовини раиси ҷамоати Овчӣ-Қалъача Абдуҳамид Одинаев зимни суҳбат баён дошт, то соли 2016 дар варзишгоҳи мазкур аз ҷониби ҷавонони деҳаи Қалъача, аз ҷумла, маҳаллаи Баҳор мусобиқаҳои варзишӣ, чун бозии футбол гузаронида мешуданд. Мутаассифона, баъд аз соли 2016 аз ҷониби сарҳадбонон ва масъулини Ҷумҳурии Қирғизистон баҳсҳое ба миён омаданд, ки гӯё варзишгоҳ дар минтақаи байнисарҳадӣ қарор дошта, истифодаи он то иҷозат шудан ё ба охир расидани корҳои демаркатсионӣ ва делимитатсионӣ ғайриимкон мебошад.

Аз ин лиҳоз давоми солҳои 2017 то 2019 дар варзишгоҳи мазкур барои гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ ҳам ба ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон иҷозат дода нашудааст.  Инчунин тибқи протоколҳои байни сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзорасида, бояд дар хатти сарҳадӣ бунёди ягон намуди иншоот ё бурдани корҳои сохтмонӣ ба нақша гирифта нашавад. Аммо, мутаассифона, аз ҷониби шаҳрвандон ва роҳбарияти Ҷумҳурии Қирғизистон протоколи мазкур риоя нагардида, имрӯзҳо дар аксарияти ҷойҳо сохтмон идома дорад. Вале вақте ки аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон намуд сохтмон оғоз гардад, ҳам аз тарафи роҳбарият ва ҳам сарҳадбонони Қирғизистон бурдани чунин корҳо манъ карда мешавад, ки ин кор яктарафа буда, хилофи амалҳои аз ҷониби худашон иҷрошаванда  мебошад.

Мавсуф ҳамзамон вобаста ба ҳодисаи тирпарронии бегоҳи 16 сентябр иброз дошт, ки тақрибан соатҳои 18:15 ё 18:20 аз ҷониби сарҳадбонони Ҷумҳурии Қирғизистон тирпарронӣ оғоз гардида, дар натиҷа се нафар марзбонони тоҷик ба ҳалокат расиданд. Ҷавобан ба ин амал аз ҷониби марзбонони тоҷик низ оташ кушода шуд. Худи тирпаронӣ тақрибан 1,5 соат идома ёфта, ба хонаҳои истиқоматии чандин бошандагони маҳаллаи Баҳор зарари ҷиддӣ расонида шуд.

  

Бо назардошти асли воқеа, сокинони хонаҳои дар наздикии мавзеи сарҳадӣ ҷойдошта фавран ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд. Масъалаи мазкур зери назорати масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия, инчунин ҳайати расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, айни замон вазъият дар ин мавзеъ  нисбатан ором мебошад.

Инчунин раиси маҳаллаи “Қалъача”-и ҷамоати мазкур Набӣ Рустамов баён дошт, ки “бегоҳии 16 сентябр ногаҳон овози тирпарронӣ баромад. Мо фаҳмидем, ки аз ҷониби сарҳадбонони қирғиз тирпарронӣ сар шудаст. Тирпарронӣ то соатҳои 20:30 идома ёфт ва он даҳшатовар буд. Чунин менамуд, ки аз болои хонаҳои мо мушак мепарад. Бо истифода аз фурсат ҳамаи занон ва кӯдаконро аз ин мавзеи хатарнок баровардем. Аммо худи мардон барои ҳимояи хонаву марзу буми худ сарбаландона истоданд. Зеро ин зодгоҳ, ватан ва маконест, ки хуни нофи мо, падарону бобоёнамон рехтааст. Худ андеша кунед, чӣ хел мо хонаву дари худро партофта меравем, баръакс ҳамаҷониба ҳаракат мекунем, то ҳар як ваҷаб заминамонро эҳтиёт ва ҳимоя намоем. Вале аҷибаш он буд, ки дар вақти тирпарронӣ дар деҳаи рӯ ба рӯи мо- деҳаи қирғизнишин ягон нафар наменамуд, гӯё онҳо пешакӣ омодагӣ дида, аҳолиашонро ба ҷои бехавф бароварда бошанд”.

Мавсуф ҳамзамон оид ба амали дигари қирғизҳо баён дошт, ки давоми 4-5 сол аст, ки сокинони мавзеи Қистакӯзи деҳаи Қалъача, ки дар он ҷо 35-40 хоҷагӣ умр ба сар мебаранд, наметавонанд аз оби ҷӯйбор истифода баранд, зеро саргаҳи ҷӯйбор аз ҳудуди деҳаи қирғизнишин мегузарад ва аксар вақт онҳо ба ҷорӣ шудани об ба маҳаллаи тоҷикнишин монеъ шуда, онро маҳкам мекунанд. Ин масъала то ҳол ҳалли худро наёфта истодааст. Ҳол он ки шаҳрвандони қирғиз солҳои пеш, баръакс аз ҷӯйборҳои ин деҳа истифода мебурданд, ҳоло ҳам дар ҳудуди деҳаҳои тоҷикнишин бе мамониат даро-баро намуда, аз бозору нуқтаҳои савдо харид доранд, аммо ҳангоме ки шаҳрвандони тоҷик аз мавзеъҳои   қирғизнишин гузаранд, даст ба иғво мезананд.

Дар навбати худ сокини маҳаллаи “Баҳор” Абдунабӣ Ҷалолов, ки дар натиҷаи тирпарронӣ хонаи истиқоматиаш зарари ҷиддӣ дидааст, иброз дошт, ки чунин амали иғвогарона бори аввал нест.  Зеро се сол пеш, ӯ бо аҳли оилааш дар қисми болотари деҳа, назди маҳаллаи қирғизнишин  истиқомат дошт, вале дертар онҳоро бо сад баҳона  масъулини қирғиз кӯчонида, хонаашро вайрон намуданд. Имрӯз бо гузашти се сол, вақте ки ӯ бо азобу машаққати зиёд дар дохили деҳа хонаву ҷойи нав сохтааст, боз ҳам ин амали ноҷавонмардона такрор шуда истодааст. Ӯ мегӯяд, ки дар натиҷаи тирпарронӣ шавҳари хоҳараш низ ҳалок гардидааст ва  хоҳараш бо чанд  кӯдаки ноболиғ танҳо монд.

Ба гуфти сокини дигари ҳамин маҳалла Устоҷӯлӣ Ҷумъаев, ки аз соли 1969 боз дар ин мавзеъ истиқомат дорад, дар ҳақиқат он заминҳое, ки имрӯз қирғизҳо онҳоро даъвои гирифтан доранд, дар асл аз солҳои пеш заминҳои аслии тоҷикон буданд ва ҳастанд. Зеро то имрӯз сокинони деҳа онро чун чарогоҳ ва замини кишт истифода мебурданд ва дар ин асос даъвои қирғизҳоро беасос мешуморанд. Ҳамзамон илова гардид, ки солҳое буд, ки қирғизҳо мушкилоти об доштанд, мо аз ҷӯйборҳои худ ба онҳо ҷӯйбори нав кушода, об додем, эҳтироми ҳамсоягиву меҳмондӯстиро ба ҷо оварда истодаем, вале ба ҳамаи ин амалҳо имрӯз нисбат ба худ ноҳурматӣ  мебинем. Вобаста ба тирпарронӣ мавсуф баён дошт, ки авалин шуда, тирпарронӣ аз ҷониби қирғизҳо сар зад, ки дар натиҷа се нафар марзбонони мо ҳалок гаштанд.

Аз гуфтаҳои ҳамсуҳбатон хулосае ба миён меояд, ки амали мазкур бори дигар исбот намуд, ки дар кишвари ҳамсоя гурӯҳҳои манфиатхоҳ ва иғвогаре ҳастанд, ки ҳамоно хостори оромиву субот дар минтақаи марзӣ нестанд ва тавассути ҳар гуна ҳангомаву иғво мехоҳанд душманӣ эҷод намуда, ҳатто даст ба қатлу куштор зананд.

Худ амали иғвогаронаи сарҳадбонони Ҷумҳурии Қирғизистон бечунучаро нишонаи кӯшишҳои ба таври сунъӣ ноором кардани вазъият дар хати сарҳади давлатӣ арзёбӣ мегардад, ки чунин амалҳо  метавонанд  вокуниши ҷавобиро аз ҷониби сокинони наздисарҳадӣ дар ин минтақаи    ҳассос барангезад.

Ҳарчанд айни замон вазъ дар ин мавзеъ то андозае оромтар аст ва  намояндагони мақомоти дахлдори ду давлат дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои муътадил сохтани вазъият миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд, ҳамоно мардуми ин ҷамоату деҳа умеди ҳарчи зудтар ҳал шудани масъалаҳои баҳснокро доранд. Зеро чунин амалҳои иғвогарона ва халалдоркунандаи зиндагонии   ороми мардуми ин мавзеъ бори аввал набуда, давоми чанд соли охир ба вуқӯъ пайваста истодааст. Тааҷҷубовараш он аст, ки қирғизҳо  худ  иғвоангезиву тирпаррониро оғоз намуда, тариқи воситаҳои ахбори дохили кишварашон ҷониби Тоҷикистонро айбдор мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки дар ҳамаи наворҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ паҳншуда ҳақиқати ҳол барои ҷомеаи ҷаҳонӣ равшан аст. Мисоли он ба шаҳодат расидани се сарбози тоҷик аст.  Вале ҳанӯз дақиқ нест, ки аз ҷониби қирғизҳо чанд нафар ҳалок ё ярадор гардидаанд.

Таассуфовар аст, ки чанде қабл дар шаҳри Исфара  Сарони ду давлат- Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон   мулоқоти судманд доштанд ва байни ҳам аҳду паймон карданд, ки талош меварзанд, то минбаъд ин гуна ҳодисаҳои даҳшатовар рух надиҳанд. Вале афсӯс, ки на ҳамеша одамон ба ваъдаи худ вафо мекунанд.

Ҳамзамон бояд гуфт, ки имрӯзҳо мардуми сарбаланди Ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар қатори сокинони дигари манотиқи мамлакат бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то дар самти иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат вобаста ба ободонии макону ҷойҳои зисти худ созандагию бунёдкориро ба анҷом расонанд. Мо танҳо тавассути дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром ба расму оини неки ҳамсоядорӣ метавонем осуда ва аҳлона зиндагӣ намоем.

Ин аст мақсаду мароми зиндагӣ ва ҳадаф аз зистани ҳамаи мо!

АМИТ Ховар

Tags: