Ба шарафи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси шахсони саховатпеша сокинони деҳаи Офтоблиқои ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд. Дар деҳаи мазкур як насоси обтаъминкунӣ васл гардида, 22 нуқтаи оби ошомиданӣ кашонида шуд.
Тавре аз Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сокинони деҳаҳои Зиракӣ ва Офтоблиқо аз ин иқдоми шоистаи шахсони эҳсонкор хушнуд гардида, ба онҳо изҳори миннатдорӣ намуданд.
«Обу ободонӣ мегӯянд, ки дар ҳақиқат дуруст аст. Бо оби ошомиданӣ таъмин гардидани сокинони деҳа орзуи чандинсолаи аҳолии ин маҳал буд. Акнун ин мушкили мо осон гардид ва он барои баланд гардидани сатҳи зиндагиамон мусоидат менамояд»,- изҳор доштанд сокинони ин деҳа.
Сокинони деҳаи мазкур ҳамчунин зикр намуданд, ки баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни миллӣ онҳо низ камари ҳиммат баста, ба корҳои ободонию созандагӣ машғуланд.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд «Соли 2021 барои Тоҷикистони азизамон соли махсус, яъне ҷашни бузурги сисолагии истиқлоли давлатӣ мебошад. Мо бояд ташаббускору ташкилотчӣ бошем ва саҳми бевоситаи худро дар ободии мулки аҷдодӣ гузорем. Яъне корро ба хотири ободии Ватани маҳбубамон тарзе ташкил кунем, ки дар раванди созандагӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат шарик ва саҳмгузор бошад».
АМИТ «Ховар»