ВКД-и Россия дар шароити пандемияи коронавирус хориҷиёнро депортатсия намекунад

Вазорати корҳои дохилии (ВКД-и) Россия дар шароити пандемияи коронавирус шаҳрвандони хориҷиро аз кишвар берун  намесозад ва ҳамчунин ҳуҷҷатҳои онҳоро бекор намекунад. Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТААС иттилоъ  медиҳад,  дар ин бора ба рӯзноманигорон роҳбари Идораи марказӣ оид ба масоили муҳоҷирати ВКД- и Россия Валентина Казакова  хабар додааст.

«Дар ин давра нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ қарор оид ба депортатсия,   аз кишвар хориҷ намудан ва норозигӣ аз буду боши онҳо ягон иқдом пешбинӣ нагардида, ҳамчунин ҳуҷҷатҳое,  ки шаҳрвандони хориҷӣ  дар даст доранд, бекор карда намешаванд.  Гап дар бораи раводид, иҷозатнома барои кор, иҷозатномаҳо барои буду боши муваққатӣ  ва иҷозатнома барои зист меравад»,- гуфт ӯ.

Казакова таъкид намуд, ки корфармо ҳуқуқ дорад   бидуни иҷозатномаҳо шаҳрвандони хориҷиро ба кор гирад. «Яъне, агар шаҳрванди хориҷӣ ба қаламрави Россия бо ҳар мақсаде, ки омада бошад, ҳуқуқ  дорад аз 15 март то 15 июн бе ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда кор  кунад.  Дар байни шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз тариқи раводид ва бе раводид омадаанд, каме фарқият аст» ,- гуфт номбурда.

Ба гуфти ӯ,  агар шахси хориҷӣ тавассути раводид ба Россия омада бошад, пас корфармо барои ҷалби қувваи кории ӯ бояд иҷозат дошта бошад, ки қаблан гирифтааст, агар бидуни раводид – ин ба шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон,  Молдова,  Украина ва Озарбойҷон дахл дорад, онҳо бе гирифтани иҷозатнома ҳуқуқи кор кардан доранд, вале дар ин сурат  корфармо уҳдадор аст  дар ин бора ба шуъбаҳои сохторҳои муҳоҷирати ВКД хабар диҳад. «Ин барои баррасии вазъият дар бозори меҳнат хеле муҳим аст, зеро мо бояд донем, ки кадом шаҳрвандони  хориҷӣ  кор мекунад  ва кӣ бекор мондааст.  Мо вазъиятро меомӯзем ва бо корфармоён ҳамкории зич дорем», — хулоса  кард Казакова.

АМИТ «Ховар»

Tags: