«СҲШ ҳамчун як созмони бонуфузи минтақавӣ дар паҳнои мураккаби геосиёсӣ қотеъона нуфуз пайдо мекунад ва ба яке аз сутунҳои низоми ҷаҳонии серҷанбаи ташаккулёбанда табдил меёбад»,-изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо хабарнигори газетаи «Жэнмин жибао» пеш аз сафар ба Тсиндао ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 18-уми Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ.
Тавре Сарвари давлати Тоҷикистон ёдовар шуданд, қарори таърихӣ оид ба тағйири ном додани «панҷгонаи шанхай» ба Созмони Ҳамкории Шанхай 18 сол қабл дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни саммити Душанбегии сарони давлатҳо қабул гашта буд.
«Дар ин давраи кӯтоҳи муқоисашавандаи таърихӣ Созмони мо ба сифати сохтори мукаммали ҳамкории бисёрҷониба бо нуфузи афзояндаи байналмилалӣ ташаккул ёфт»,-зикр намуданд Пешвои миллат.
Дар робита ба нақши Чин дар СҲШ, Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз давлатҳои муассиси ин Созмон мебошад. Худи ҳамин аллакай аз саҳми калони Чин дар ташаккул ва рушд, таъмини фаъолияти мунтазам ва боло рафтани нуфузи байналмилалии Созмон дарак медиҳад.
Дар ин мусоҳиба, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба афзалиятҳои иштирок дар СҲШ ибрози андеша намуда, таъкид медоранд, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон узвият дар СҲШ маънои боз намудани имкониятҳои нав ва самтҳои ояндадори ҳамкории бисёрҷониба бо шарикони анъанавӣ дар ҳама соҳаҳо, бидуни истисно, аз амният то иқтисодиёт ва ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ дорад.
Президенти мамлакат ҳамчунин ёдовар шуданд, ки аз моҳи июни соли гузашта Ҳиндустон ва Покистон фаъолона ба узвияти СҲШ қабул карда шуданд ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар Тсиндао бори аввал дар формати «ҳаштгона» сурат мегирад. Тавсеаи Созмон аз ҳисоби иштирокчиёни нав намунаи барҷастаи афзудани ҷолибият ва муҳимияти он дар арсаи байналмилалӣ буда, имконот ва иқтидори кишварҳои мо ба таври назаррас таҳким меёбад. «Мо мутмаинем, ки бо қабули Ҳиндустон ва Покистон чун узви комилҳуқуқи Созмони ҳамкории Шанхай имконоти рушди сифатан нави ҳамкории байни давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаҳои мухталиф меафзояд», — таъкид намуданд Эмомалӣ Раҳмон
Дар ин мусоҳиба, Президенти мамлакат инчунин доир ба паҳлуҳои мухталифи фаъолияти СҲШ, нақшаҳои минбаъдаи он ибрози андеша намуда, ба фаъолияти созмон дар соли гузашта баҳои баланд додаанд.
Амит "Ховар"