Синои Зинатшо барандаи Шоҳҷоизаи озмуни «Библиомарафон» гардид

Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» муайян гардиданд. Маросими ҷамъбаст ва супоридани диплому туҳфаҳо ба ғолибони озмун дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар маросими тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар он як гурӯҳ хонандагони мактабҳои мамлакат, ки дар даврҳои озмун маҳорати баланди китобхонии худро нишон дода буданд, аз ҷониби Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода мукофотонида шуданд.

Зикр гардид, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ», ки бо амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат ҷараён дорад, заминаи мусоид фароҳам оварда, насли наврасро барои иштирок дар ин озмуни бонуфуз омода месозад.

Барандаи шоҳҷоизаи озмун хонандаи синфи 7-и МТМУ № 10-и ноҳияи Ишкошим Синои Зинатшо дониста шуда, бо 1000 сомонӣ мукофот сарфароз гардонида шуд. Инчунин ҷойи якум насиби Рўдакӣ Норов аз  шаҳри Панҷакент гардида, ҷойи дуюм ба Зайнабхон Ҳамидиён аз шаҳри Душанбе ва ҷои сеюм ба Нисо Наимова дода шуд.

Бояд гуфт, ки ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, Кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рухом» бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: