Шурӯъ аз 31 декабри соли 2019 дар хатсайри №16 ҳаракати микроавтобусҳои нав ва муосир сафарбар карда мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Манбаъ ба маълумоти сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки мақсад аз ин иқдом боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сифати хизматрасонии нақлиётӣ мебошад.
«Нуқтаи аввали хатсайр маҳаллаи Чортеппа ва охири он маҳаллаи Чаноро мебошад»,- омадааст дар иттилоия.
Гуфта мешавад, ки микроавтобусҳои муосир таҳти номгузории хатсайри мардумии «Мусича» сафарбар гардида, раванди пардохти ҳаққи роҳкиро дар онҳо пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ду соли охир дар хатсайрҳои автобусии ҳудуди пойтахти мамлакат автобусҳои замонавӣ роҳандозӣ карда шуда, ба аҳолии шаҳр хизмат расонида истодаанд.
АМИТ «Ховар»