Шурӯъ аз имрӯз дар Тоҷикистон тамоми хатсайрҳо ба Душанбе ва аз Душанбе ба дигар самтҳо мавқуф гузошта шуданд. Ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ огоҳ гардиданд, ки парвозҳо дар фурудгоҳҳо қабул карда намешаванд. Ба тамоми ширкатҳои ҳавопаймоии ватанию хориҷӣ оид ба баста шудани бандарҳои ҳавоии мамлакат аз ҷониби Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 март мактуби дахлдор ирсол карда шудааст.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, директори ин агентӣ Икром Субҳонзода дар мактуби худ ба тамоми ширкатҳои ҳавопаймоӣ дастур додааст, ки «бо мақсади пешгирии коронавирус ва таъмини амнияти шаҳрвандони Тоҷикистон» шурӯъ аз 20 марти соли 2020 парвозҳоро мавқуф гузоранд.
Ёдрас мешавем, ки имрӯз дар Тоҷикистон сирояти коронавирус вуҷуд надорад. Аз 1 феврал то 18 март 1890 нафар ба карантин фаро гирифта шуда буданд, ки 1426 нафари онҳо аллакай ба хона баргаштанд.
АМИТ «Ховар»