Шумораи қурбониёни коронавирус дар Хубей то 490 кас афзудааст

Дар музофоти Хубейи Чин  шумораи  шахсони нобудшуда   аз коронавируси нав  то 490 нафар афзуда,  гирифторони ин  беморӣ ба 24,3 ҳазор нафар расидаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Кумитаи давлатии беҳдошт ва  саломатии Чин.

Ҳамзамон 520 нафар аз  беморхона  бо сабаби шифоёбӣ гусел карда шуданд. Зикр мегардад, ки ин рақам бори нахуст аз шахсони ҳалокшуда зиёд мебошад, яъне шифоёфтагон аз фавтидагон афзунтаранд.

Қаблан  дар бораи 414  ҳалокшуда  ва 13 522  нафарони сироятёфта  маълумот нашр гашта буд.

Мутобиқи  хабари  мақомоти марказӣ, 185,5  ҳазор нафари дигар  таҳти назорати табибонанд.

Аз рӯи хабарҳои нави портал  848 нафар сиҳат шудаанд.  Дар  байни музофотҳо  Хубей бо шумораи сироятшудагон  ҳанӯз ҳам дар ҷои аввал меистад (16,6 ҳазор бемор), ки 479 нафари он фавтидаанд. Баъди он музофотҳои Чжэсян ва  Гуандун  қарор доранд, ки то ҳол аз ин вирус касе вафот накарда  ва мутаносибан ба  829 ва 813 нафар  сироятёфта баробар аст. Дар Пекин ин нишондиҳанда аз 282 нафар (як тан фавтида)  иборат аст, дар минтақаҳои  Хэйлунсзян ва Муғулистони ҳаммарз бо Россия  155 нафар (ду қурбоншуда)  ва 35 шахси сироятёфта  мавҷуданд.

Ёдрас мешавем, ки хуруҷи бемории илтиҳоби шуш, ки барангезандааш 2019-nCoV  мебошад,  охири соли гузашта дар шаҳри Ухани Чин рух дода буд.

Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ   вазъи  бемориро ҳамчун  ҳолати фавқулодаи дорои аҳамияти байналмилалӣ  эътироф намудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: