Тибқи пешгӯии Агентии обуҳавошиносии мамлакат, шурӯъ аз 27 то 30 январи соли равон бо дарназардошти аз тарафи Қазоқистон ба шимоли Ӯзбекистон дохил шудани ҳавои арктикии сибирӣ дар ҷумҳурӣ ҳаво сард мешавад.
Дар ин робита филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ронандагоне, ки тариқи роҳи мошингарди Душанбе — Чаноқ ба сафар мебароянд, хоҳиш менамояд, ки тавсияҳои ниҳодҳои дахлдорро (дар ҳолати хуб қарор доштани воситаҳои нақлиёт, бо худ доштани таҷҳизоти иловагии зиддилағжиш, яъне занҷир, болиштаки зиддилағжиш, аломати исти садамавӣ) дар мадди назар дошта, бидуни омодагии ҷиддӣ ба сафар набароянд.
Тавре аз маркази матбуоти филиали ширкати мазкур иброз доштанд, огоҳсозии шаҳрвандон рисолати сохторҳои зикршуда маҳсуб шуда, он набояд боиси ба таҳлука афтодани ронандагону мусофирон гардад. Табиист, ки фасли сармо махсусиятҳои худ, амсоли боришоти барфу сардӣ, яхбандӣ, фаромадани тарма ва ғайраҳоро дорад ва шаҳрвандон набояд аз ин ҳаводиси табиӣ дар ҳарос бошанд. Новобаста аз вазъи обу ҳаво дар ҳама ҳолат сохторҳои марбута барои таъмини бехатарии шаҳрвандон муваззафанд.
«Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ронандагону мусофиронро дилпур месозад, ки ба мавсими сармо омодагии ҷиддӣ гирифтааст, барои таъмини фаъолияти мунтазам дар роҳи Душанбе –Чаноқ ба миқдори зарурӣ қум, намак, сўзишворӣ, ангишт ва ҳезум захира намудааст. Ҳамчунин кулли техникаву механизмҳои филиали Ширкат, ки теъдодашон аз 181 адад зиёд аст, дар ҳолати корӣ қарор доранд. Илова бар ин, бо ибтикори роҳбарият дар хонаҳои устои роҳ, ки марбут ба филиали Ширкат мебошанд, барои муваққатан ҷойгир намудани онҳое, ки бинобар иллат пайдо намудани воситаи нақлиёт дар роҳ дармондаанд, шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст», — афзуд манбаъ.
Бо вуҷуди ин табиат қонунҳои нонавиштаи худро дорад, ки аксар вақт инсон дар қиболи он оҷиз аст. Шоҳиди он ҳастем, ки ҳатто кишварҳои пешрафтаи олам дар баробари чунин офатҳои табиӣ ба мушкил мувоҷеҳ гардида, ба ҳаёти инсонҳо латма ворид мегардад. Шаҳрвандонро зарур аст, ки ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя намуда, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд!
АМИТ "Ховар"