Дар ояндаи наздик байни пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Душанбе ва шаҳрҳои Самарқанду Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон хатсайри нави ҳавоӣ ба роҳ монда мешавад.
«Ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» пешниҳод намудааст, ки байни Душанбе ва шаҳрҳои Самарқанду Бухоро хатсайри нави ҳавоӣ кушода шавад. Оид ба ин масъала қарори дахлдор қабул гардид ва ба ҷониби Ӯзбекистон ирсол карда шуд»,-гуфт манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта бори аввал дар тӯли 25 сол байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон парвозҳо ба роҳ монда шуданд. Дар айни замон Ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» ҳафтае як маротиба- рӯзи сешанбе тариқи ҳавопаймои А320 ба пойтахти Тоҷикистон парвоз анҷом медиҳад.
АМИТ "Ховар"