Ширкати IRS: «Дар фасли баҳор аз резиши санг ва лағжиши кӯҳпора дар роҳҳои мошингарди минтақаҳои кӯҳӣ эҳтиёт бошед!»

Рӯзҳои охир  бориши беисти борон  дар баъзе аз қисматҳои роҳи мошингарди Душанбе –Чаноқ  фаромадани тарма  ва  лағжиши сангпораҳоро  ба амал овард. Ин ҳолат кори кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дучанд намуд, зеро  онҳо  тавассути меҳнати шабонарӯзӣ ҳаракати муназзами нақлиётро дар роҳи мазкур таъмин менамоянд.

Тавре сардори  маркази матбуоти ширкати мазкур Далери Абдулло хабар дод,  бо фаро расидани фасли баҳор ки боришот ба дунбол дорад, дар роҳҳое, ки аз минтақаи кӯҳистони мамлакат мегузаранд,   фаромадани сангпора  ва лағжиши кӯҳпора падидаи маъмулист. Алалхусус, роҳи мошингарди  Душанбе – Чаноқ, ки қисмати зиёдаш  аз чунин минтақаҳо мегузарад, аз ин ҳодисаҳои табиӣ   зиёдтар осеб мебинад.  Бинобар ин, кормандони филиали Ширкат дар арафаи  баҳори фархундапай корҳои ободониро дар роҳи мазкур  вусъат бахшида,  тавассути ҳашарҳои дастҷамъӣ ба  рангубори  иншооти канори роҳ,  барқарорсозии ҷойҳои осебдида, тоза намудани ҷўйборҳои канори роҳ,  ранг намудани хатҳои уфуқӣ ва ғайра  машғул мебошанд. Аз ҷумла, давоми рӯзҳои охир   дар масофаи хеле дарози  ин роҳ  хатҳои уфуқӣ кашида шуданд. Мавриди зикр аст, ки  хатҳои уфуқӣ воситаи таъминкунандаи бехатарии ҳаракат дар дар роҳ буда, мавҷудият ва дар ҳолати хуб қарор доштанашон аз талаботи бахши  роҳсозӣ аст.

Хотиррасон менамоем, ки  кулли техникаву механизмҳои филиали Ширкат, ки теъдодашон аз 181 адад  зиёд аст, дар ҳолати корӣ қарор доранд. Илова бар ин, бо ибтикори роҳбарият дар хонаҳои устои роҳ, ки марбут ба филиали Ширкат мебошанд, барои муваққатан ҷойгир намудани онҳое, ки бинобар иллат пайдо намудани воситаи нақлиёт дар роҳ дармондаанд, шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Ба ғайр аз ин, хати доимии  филиали Ширкат бо шумораи   487011020 фаъол аст, ки тавассути он тамоми муроҷиатҳо қабул ва дар ин замина тадбирандешӣ  сурат мегирад.

Мутаассифона,   бо вуҷуди ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, як идда ронандагон бе омодагӣ (аз ҷиҳати техникӣ комил набудани воситаи нақлиёт ва ғайра) ба роҳ мебароянд. Дар натиҷа чунин ронандагон дар роҳ ба мушкилӣ мувоҷеҳ гардида, барои ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт  монеа эҷод менамоянд.

Филиали Ширкат  аз ронандагоне, ки    тариқи роҳи  мошингарди Душанбе—Чаноқ  ба сафар мебароянд, хоҳиш менамояд, ки  тавсияҳои ниҳодҳои дахлдорро    (дар ҳолати хуб қарор доштани воситаҳои нақлиёт, аломати исти садамавӣ ва ғайра)  дар мадди назар дошта,  бидуни омодагии ҷиддӣ ба   сафар набароянд.

Шаҳрвандонро зарур аст, ки ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ  риоя намуда,  ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд!

АМИТ "Ховар"

Tags: