Шавкат Бобозода: «Дар соҳаи саноати хӯрокворӣ истеҳсоли беш аз 25 номгӯй маҳсулоти навро ба роҳ мондем»

Дар соли 2016 дар ҷумҳурӣ беш аз 25 номгӯй маҳулоти нав дар соҳаи саноати хӯрокворӣ истеҳсол гардидааст. Дар ин бора имрӯз, 25 январ зимни нишасти матбуотӣ Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода иттилоъ дод.
«Дар ин давра истеҳсоли мураббои чормағзӣ, қайлаи помидорӣ, қанди ирис бо маззаи нок, себ, қулфинаю пудина, нуҳ навъи кулчақанд, панир аз шири чорвои хурд, истеҳсол ва бандубасти қурут ба роҳ монда шуд. Инчунин дар ин давра корхонаҳои коркарди шир бо технологияҳои муосир афзоиш ёфта, беш аз 21 ҳазор тонна шир коркард шуд», -афзуд вазир.
Бино ба маълумоти вазир, дар ин давра истеҳсоли намудҳои нави кефиру йогурт бо истифода аз бифидобактерияҳо ба роҳ монда шуд.

khovar.tj

Tags: