Имрӯз дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии китобҳои шашҷилдаи «Шашмақом», «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти Шашмақом» ва барномаи ҳунарии сарояндагони санъати мақомхонӣ баргузор мегардад.
Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар доираи рӯнамоии китобҳои мазкур намоиши китобҳои тозанашри ноширони корхонаҳои табъу нашри Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ баргузор мешавад.
АМИТ «Ховар»