20-23 май варзишгари маъруфи мамлакат Шаҳриёр Даминов дар марҳилаи дуюми Ҷоми ҷаҳонии каноэ, ки дар шаҳри Барнаули Федератсияи Россия баргузор мегардад, ширкат мекунад.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Точикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар рӯзи аввал варзишгарон барои 6 роҳхати олимпӣ, аз ҷумла Шаҳриёр Даминов дар байдаркаи якнафарӣ (С-1) дар масофаи 1000 метр сабқат мекунанд. Варзишгароне, ки дар шаш мусобиқа: С-1 200 метр, К-1 200 метр, К-1 500 метр (бонувон), К-1 200 метр, К-1 1000 метр, С-1 1000 метр (мардон) сазовори ҷои аввал мешаванд, ҳуқуқи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токиоро пайдо менамоянд.
Дар Ҷоми ҷаҳонии каноэ иштироки беш аз 400 нафар варзишгарон аз 58 давлат дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки Шаҳриёр Даминов аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархурдор буда, барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020 талош мекунад.
Ҳамчунин Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои такмили ихтисоси доварону мураббиёни қаиқронӣ ва омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 моҳи июни соли 2019 курсҳои техникӣ барои мураббиёни қаиқрониро бо ҷалби коршиноси дараҷаи байналмилалӣ Аднан Алиев аз Булғористон доир намуда, мураббӣ Зоҳирҷон Набиевро ба курси омӯзишии думоҳаи байналмилалӣ ба Будапешт сафарбар намуд.
АМИТ «Ховар»