Гурӯҳи ҷавонони Ҳиндустон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии ноҳия Айнӣ боздид намуданд

Шоми 25 сентябр гурӯҳи ҷавонони ҳиндустонӣ ба ноҳияи Айнии вилояти Суғд сафар карда, аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии он дидан намуданд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, меҳмононро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва ҷавонон пешвоз гирифтанд.

Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода бо меҳмонон суҳбат карда, оид ба таърих, фарҳанг ва урфу одати ноҳияи Айнӣ маълумот дод.

Гуфта мешавад, ки пас аз мулоқот ҷавонони Ҳиндустон аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ, Осорхона ва Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрал боздид намуданд.

«Баъди боздид аз мавзеъҳои таърихӣ, сайёҳӣ ва мулоқоти судманд бо ҷавонону фаъолони ноҳия меҳмонон иброз доштанд, ки бори нахуст ба ноҳияи Айнӣ омаданд ва пазироиву меҳмоннавозии сокинон онҳоро дар ҳайрат гузошт. Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз меҳмоннавозӣ ва мавзеъҳои сайёҳии ноҳияи Айнӣ огаҳӣ пайдо намуда будем ва орзу мекардем, ки боре аз инҷо дидан кунем. Хушбахтона, ба орзуямон расидем», — афзуд манбаъ.

Бояд гуфт, ки сафари гурӯҳи ҷавонони Ҳиндустон ба Тоҷикистон аз 21 то 27 сентябри соли равон сурат гирифта, дар ин муддат меҳмонон дар нахустин Форуми ҷавонони Тоҷикистону Ҳиндустон таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони Тоҷикистону Ҳиндустон поянда бод» иштирок намуданд.

АМИТ«Ховар»

Tags: