Се Шоҳҷоизаи наврӯзӣ барои паҳлавонони гӯштини миллӣ

Барои паҳлавононе, ки 24 март дар ноҳияи Рашт дар мусобиқаи гӯштини миллӣ иштирок мекунанд, се Шоҳҷоизаи наврӯзӣ муқаррар шудааст.
Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо мақсади хотирмон таҷлил кардани Наврӯзи байналмилалӣ дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи паҳлавононро дар се вазн барпо мекунад. Он бо иштироки беҳтарин паҳлавонони кишвар сурат хоҳад гирифт.
Мусобиқаи имсолаи гӯштини наврӯзӣ ба Соли ҷавонон бахшида мешавад.
Паҳлавононро ба ғайр аз шоҳҷоизаҳо боз туҳфаҳои арзанда интизоранд.

Tags: