Дар минтақаи Бока-дел-Риои штати Веракруси Мексика кормандони мақомоти полис аз як нақлиёте, ки дар наздикии муассисаи таълимӣ партофта шуда буд, ҷасади 11 нафарро пайдо карданд.
Ба андешаи ҳукуматдорони маҳал ҳодиса ба муноқиша миёни гуруҳҳои ҷиноятпеша марбут аст.
Бояд гуфт, ки дар Мексика амалиёти васеи неруҳои ҳукуматӣ бар зидди гуруҳҳои муташакили ҷиноятпеша оғоз гардидааст.
Вазири корҳои дохилии Мексика ба расонаҳо гуфтааст, “мо хуб медонем, ки бар зиддӣ кӣ мубориза барем, то дар мудати кўтоҳ вазъият дар минта қа ҳои гуногуни кишварро ором созем”.
Мексика яке аз кишварҳои қараи Амрикост, ки дар он сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ хеле зиёд аст.