Сатҳи гирифторӣ ба COVID-19 дар як ҳафта дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон коҳиш ёфт

ТВТ.03.09.2022. Сатҳи гирифторӣ ба коронавируси COVID-19 дар ҷаҳон дар як ҳафта 16% ва фавт 13% коҳиш ёфтааст. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора дар варақаи эпидемиологии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) гуфта мешавад.

Аз 22 то 28 август сатҳи гирифторӣ ба коронавирус дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон коҳиш ёфт. Коҳишёбӣ бештар дар Баҳри Миёназамини Шарқӣ (37 %) ва Аврупо (20 %) мушоҳида шудааст.

Ҳамагӣ дар як ҳафта дар саросари ҷаҳон беш аз 4,5 миллион ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 ошкор гардид.

Теъдоди фавтидагон бар асари коронавирус дар ҳама минтақаҳо, ба истиснои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва минтақаи Ғарбии Уқёнуси Ором, ки дар онҳо фавт мутаносибан 15% ва 3% зиёд шудааст, коҳиш ёфт. Коҳишёбии ҳолатҳои фавт дар Африқо (64%), Баҳри Миёназамини Шарқӣ (35%) ва Аврупо (30%) ба қайд гирифта шудааст.

Дар маҷмӯъ, давоми як ҳафта дар саросари ҷаҳон 13,5 ҳазор нафар бар асари COVID-19 фавтидаанд.

Дар тамоми давраи пандемия дар ҷаҳон беш аз 603 миллион ҳолати сирояти коронавирус ошкор гардида, беш аз 6,4 миллион нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: