Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов ба Душанбе омад

Нимаи аввали имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Дар доираи сафари Сарвазири Ӯзбекистон ба Тоҷикистон мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар назар аст.

Ҳамзамон Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ду ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон иштирок ва аз иншооти фарҳангию саноатӣ дидан мекунад.

Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсарҳад буда, ташрифи сарвазири он, мулоқоту музокироти сатҳи баланд ва шиносоӣ бо имконоти фарҳангиву иқтисодӣ ба рушди дучанди равобити дуҷониба такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

АМИТ "Ховар"