Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ тариқи видеоконференсия иштирок намуд

ТВТ. 21.05.2022. 20-уми май ҷаласаи навбатии  Шӯрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тариқи видеоконференсия баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар кори ҷаласа барои баррасӣ беш аз 10 масъала пешниҳод шуд, ки фарогири муҳимтарин мавзуъҳои мубрами рӯз буд.

Зикр шуд, ки дар вазъи имрӯзаи ҷаҳон бо роҳи ҳамгироии зичу пурсамар имкон аст таъсири омилҳои беруна ва буҳрони молиявӣ ба иқтисодиёти кишварҳоро коҳиш дод.

Зимни суханронии худ дар кори ҷаласа Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти ҳамгироӣ бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пайваста чорандешӣ карда, дар ин самт имкониятҳои ҷойдошта мақсаднок истифода бурда мешаванд.

Изҳори умед карда шуд, ки табодули афкор дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил имкон фароҳам меорад, ки соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, илму маориф, саноату кишоварзӣ, энергетика, гумрук, экология, сайёҳӣ, тандурустӣ ва роҳу нақлиёт рушд намояд.

Кори ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо қабули қарорҳои дахлдор ҷиҳати рушди ҳамкории кишварҳои аъзо  ба анҷом расид.

 

Манбаъ: АМИТ «Ховар».

Tags: