Дар назди бинои комиссариати ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ширкати намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, Раёсати ҷавонон ва варзиш, собиқадорони меҳнат ва волидон маросими гусели даъватшудагон ба хизмати Ватан баргузор гардид. Муовини сардори комиссариати ҳарбии вилоят Шоҳзода Шоқосимов дар суҳбат гуфт, ки ҷавонони ноҳияи Дарвоз ҳамасола дар ин маъракаи барои кишвар муҳим фаъоланд.
Онҳо имсол низ пешсафиро аз даст надода, дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ сад фоиз дар назди комиссариати ҳарбии вилоят довталабона ҳозир шуданд. Қабл аз гусел вазъи саломатии онҳоро табибон хеле дақиқкорона мавриди санҷиш қарор доданд. Ташхис нишон дод, ки ҳамаи даъватшудагон рӯҳу ҷисми солим доранд ва барои хизмати низомӣ омода мебошанд.
Як тан аз даъватшудагон, ки худро Азим Ҷорубов муаррифӣ кард, изҳор дошт, ки соли равон Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст ва ҳоло ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ меравад. “Барои ман хизмат ба Ватан шараф ва ҳам қарзи фарзандӣ аст. Ман қарор додам, ки танҳо баъди хизмати аскарӣ ба касби дӯстдоштаам машғул шавам”,-иброз дошт ӯ.
Гусели навҷавонон ба хизмат дар ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон, Ванҷу Ишкошим, Роштқалъаву Мурғоб ва шаҳри Хоруғ ҷараён дорад.
АМИТ «Ховар»