Сарвазири Камбоҷа Хун Сен ҷиҳати иштирок дар Саммити МҲТБО ба Душанбе ташриф овард

Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа Хун Сен ҷиҳати иштирок дар Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё /МҲТБО/ вориди шаҳри Душанбе гардид.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро муовини Сарвазири мамлакат Маҳмадтоир Зокирзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.

15 июн Хун Сен дар панҷумин Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, иштирок менамояд.

АМИТ «Ховар»

Tags: