Сарварони тамоми кишварҳои аъзои СҲШ ширкати худро дар нишасти Самарқанд тасдиқ намуданд

ТВТ. 30.08.2022.  Ҳамаи ҳашт кишвари узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ширкати роҳбарони худро дар ин нишаст, ки дар назар аст 15-16 сентябр дар Самарқанд баргузор шавад, тасдиқ карданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи ҷумъа, 26 август дар брифинги хосса котиби генералии СҲШ  Чжан Мин иттилоъ дод.

«То ба имрӯз ҳамаи кишварҳои аъзои СҲШ аллакай ширкати роҳбаронашонро дар ин нишаст тасдиқ кардаанд», — гуфт ӯ.

«Дар мавриди қолаби баргузории нишаст бояд гуфт, ки ҳамаи ҳашт ҷониб умедворанд ҳарчӣ зудтар ба сиғаи анъанавии мо баргарданд, ки ин самараноктар аст», — зикр намуд ӯ.

«Аммо ҳама тарафҳо дарк мекунанд, ки пандемия- ин воқеияти ҳол буда, вирус пайваста тағйир меёбад»,-афзуд дабири кулл.

«Дар айни замон бисёр тағйирёбандаҳои номаълум мавҷуданд. Ҳоло ман пешгӯӣ карда наметавонам, аммо ба шумо гуфта метавонам, ки ҳама ҷонибҳо умедҳои мусбат доранд», — таъкид кард ӯ.

Дабири кулл ҳамчунин зикр кард, ки нишасти дарпешистода марҳилаи муҳим дар рушди созмон хоҳад буд.

Қаблан Чжан Мин иттилоъ дода буд, ки Беларус барои пайвастан ба ин созмон ба унвони узви комилҳуқуқ муроҷиат намудааст.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон ҳамоҳангсози миллии Узбекистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) Раҳматулло Нуримбетов низ доир ба омодагӣ ба нишасти дарпешистодаи ин созмон дар Самарқанд нишасти хабарӣ доир намуд.

«Ҳамчунин тасдиқи ширкати ҳузурии сарони кишварҳои нозири СҲШ – Беларус, Эрон ва Муғулистон вуҷуд дорад. Дар доираи ташкилоти мо таҷрибаи даъвати меҳмонони кишвари раисикунанда ба саммитҳо таҳия карда шудааст. Бар асоси ин ва бо дарназардошти миқёси ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Самарқанд дар ин ҳамоиш иштироки роҳбарони якчанд давлатҳо, ки ба сифати меҳмони ҷониби Узбекистон даъват шудаанд, дар назар аст. Миёни онҳо, аз ҷумла, президентҳои Туркия ва Туркманистон низ ҳастанд. Ҷиҳати иштирок дар нишасти мазкур якчанд кишварҳои дигар, ки шарикони наздики Узбекистон ва дигар кишварҳои узви СҲШ мебошанд, изҳори таваҷҷуҳ намудаанд», — гуфт Раҳматулло Нуримбетов.

Илова бар ин, дар ҳамоиш ҳамчунин иштироки сарони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки СҲШ бо онҳо робитаҳои расмӣ барқарор кардааст, аз ҷумла СММ, ЭСКАТО, ЮНЕСКО, ИДМ, СААД, ИИА, МҲЧЭО (Мулоқот оид ба ҳамкорӣ ва чораҳои эътимод дар Осиё) ва ТҲИ ва Лигаи кишварҳои араб дар назар аст. Дар маҷмӯъ, дар ин ҳамоиш сарони ҳудуди 15 давлат ва роҳбарони 10 созмони байналмилалӣ ширкат хоҳанд кард.

СҲШ соли 2001 бо имзои як эъломияи дахлдор аз ҷониби сарони кишварҳои Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон таъсис ёфтааст. Дар солҳои минбаъда ба онҳо Ҳиндустон ва Покистон ҳамроҳ шуданд. Ҳамкории давлатҳо дар сатҳҳои гуногун – шуруъ аз таъмини сулҳу субот то табодули дониш ва технологияҳо дар соҳаҳои илм, фарҳанг ва маориф сурат мегирад.

Кишварҳои нозири СҲШ Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Шарикон — Шри-Ланка, Туркия, Арманистон, Озарбойҷон, Камбоҷа ва Непал ба шумор мераванд.

Дар назар аст санадҳо оид ба тавсеаи  СҲШ ба имзо расанд.

Нишасти СҲШ дар Самарқанд чорумин ҳамоишест, ки дар Узбекистон мегузарад. Қаблан чунин чорабинии муҳими байналмилалӣ танҳо солҳои 2004, 2010 ва 2016 дар Тошканд баргузор шуда буд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: