Имрӯз таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода ва ҳайати гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён бо сокинони маҳаллӣ мулоқот доир гардид.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Дар ҷараёни мулоқот доир ба пешгирӣ аз амалҳои номатлуб дар ҷомеа, нишон додани мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ, тақвият додани тадбирҳои зиддиэпидемикӣ, таъмини волоияти қонун ва масоили дигари мубрам мубодилаи судманди афкор сурат гирифт.
Дар ҳамоиш муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилноза Аҳмадзода, намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, мақомоти прокуратура, роҳбарони ташкилоти вилоятӣ ва фаъолони ноҳияи Кӯшониён иштирок намуданд.
АМИТ «Ховар»