23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Борбади Марвазии ноҳияи Вахш бинои хуштарҳу замонавии Маркази ташхисӣ — табобатии “Руҳафзо”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Маркази нави ташхисию табобатӣ аз таҳхона ва ду бинои алоҳидаи дуошёна иборат мебошад.
Муассисаи нави тандурустӣ дар ноҳияи Вахш аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми якуним сол сохта, ба истифода дода шудааст.
Иншооти мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.
Маркази нави ташхисӣ-табобатӣ дорои гӯшаи гиёҳдармонӣ, дандондармонӣ, озмоишгоҳ, утоқҳои махсуси ташхиси фаросавтӣ, сабти барқии дил, ҳуҷраҳои безараргардонӣ, духтури чашм, ташхису муолиҷаи бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинӣ мебошад.
Дар маҷмӯъ иншоот аз 24 утоқи хизматрасонӣ иборат аст.
Утоқҳо ва дигар нуқтаҳои хизматрасонии маркази табобатӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин буда, дар он барои кормандон имкони хуби ташхису муолиҷаи маризон фароҳам мебошад.
Ба корафтодагон аз тарафи табибони баландихтисос, ҳамшираҳои шафқат ва дигар мутахассисони дорои таҷрибаи ғанӣ бо усули замонавӣ 12 намуди хизматрасонии тиббӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар Маркази ташхисӣ – табобатӣ барои қабули беморон 20 кати хоб муҳайё гардидааст.
Дастгоҳу таҷҳизоти Маркази ташхисӣ — табобатии “Руҳафзо” муосиртарин буда, аз Германия ва Туркия дастрас ва васлу насб шудаанд.
Дар иншооти нави соҳаи тандурустӣ 35 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
Бинои Маркази ташхисӣ — табобатӣ бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ бунёд гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва шароити фароҳамгардида дар Маркази нави ташхисию табобатӣ баҳои баланд дода, табибонро ба истифодаи маҳорату малакаи касбӣ баҳри ҳифзи солимии аҳолӣ ҳидоят намуданд.
Тайи солҳои охир Ҳукумати мамлакат ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои рушду пешрафти он ба хотири таъмини солимии аҳолӣ, ки боигарии давлат аст, имконоти фарох муҳайё сохтааст.
Ин аст, ки имрӯз дар баробари мукаммал гардидани шароити хизматрасониҳо дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ ҳавасмандии бахши хусусӣ низ ба ин самт баръало эҳсос мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Вахш имрӯз 76 муассисаи тиббӣ, аз ҷумла як беморхонаи марказӣ, 4 беморхонаи рақамӣ, як маркази саломатӣ, 13 маркази саломатии деҳот ва 52 бунгоҳи тиббӣ фаъолият мекунанд.
АМИТ «Ховар»