Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

ДУШАНБЕ, 11.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои барои таъин ба вазифаҳо дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Машрабзода Ҷамшед муовини вазири корҳои дохилӣ ва Азиззода Абдусаттор намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъин гардиданд.

Аз ҳисоби кадрҳои соҳибтахассусу варзида роҳбари намояндагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, намояндаи ваколатдори ВКД дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсози иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт, сардорони як қатор раёсатҳои дастгоҳи марказии ВКД, сардорони шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Рашт, Синои шаҳри Душанбе, Мурғобу Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Бохтар, Балҷувон ва Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таъин гардиданд.

Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои таъиншударо ба хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон, муомилаи хуш бо шаҳрвандон, омӯзиши забонҳои байналмилалӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, махсусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ба мисли қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа ва дар маҷмуъ таъмини волояти қонун, ҳидоят намуданд.

Таъкид гардид, ки дар ҳама ҳолат манфиати давлат ва мардуми кишвар бояд дар ҷойи аввал гузошта шавад.