Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон майдони Нишони давлатиро ифтитоҳ намуданд

ДУШАНБЕ, 12.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маркази ноҳияи Рӯшон дар вазъияти тантанавӣ майдони Нишони давлатиро ифтитоҳ намуданд.

Майдони Нишони давлатӣ дар маркази ноҳия дар масоҳати 600 метри мураббаъ дар асоси лоиҳаи ҷолиб, дар паҳлуи парчами давлатӣ ҳамчун нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба рамзҳои муқаддаси миллӣ бунёд шудааст.

Баландии сутунпояи Нишони давлатӣ 20 метр буда, майдони назди он бо тахтасангҳо аз санги хоро ороиш ёфтааст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар майдони Нишони давлатӣ моҳи июл оғоз ёфта, бо саҳми соҳибкорони бо нангу номуси  ноҳияи Рӯшон ва сокинони маҳаллӣ  дар муҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд.

Бо мақсади ободу зебо ва назаррабо гардидани майдони Нишони давлатӣ даромадгоҳ ва роҳравҳо сафолпӯш карда шуда, гулҳои рангоранг, дарахтони ороишию ҳамешасабз шинонида шудааст.

Чароғонии ин мавзеъ ва насби суҳбаткадаҳо имкон медиҳад, ки сокинону меҳмонони ноҳия рӯзона ва шабона сайругашт намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулонро ба вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ ҳидоят намуданд.

Tags: