Дабири кулли СММ ҳамлаи марговарро дар Малӣ маҳкум кард

Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) Антониу Гутерриш ҳамларо дар қисмати марказии Малӣ, ки дар натиҷаи он 95 нафар сокинони осоишта қурбон гаштанд, маҳкум кард.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи душанбе намояндаи расмии Дабири кулли СММ Стефан Дюжаррик иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, Дабири кулл аз дарёфти хабари бар асари ҳамлаи рӯзи якшанбе дар деҳаи Собану-Коуи ҳавзаи Моптии қисмати марказии Малӣ ҳалок гардидани 95 нафар сокинони осоишта, аз ҷумла занону кӯдакон ва ҷароҳат бардоштани одамони зиёд андӯҳгин гаштааст.

«Ӯ ин ҳамларо қатъиян маҳкум намуда, мақомоти Малиро ба таҳқиқи фоҷиаи мазкур ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон даъват кард», — гуфт Дюжаррик.

Гутерриш аз ҳамаи тарафҳои манфиатдор дар Малӣ хост, ки таҳаммулпазир бошанд ва аз тадбирҳои ҷавобӣ худдорӣ намоянд. Ӯ ҳамчунин ҳукумат ва ҳамаи тарафҳоро даъват намуд, ки дар муколамаи байниҷамъиятӣ баҳри ба эътидол овардани ташаннуҷ ва ҳалли ихтилоф иштирок намоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: