Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Парки техникӣ дар шаҳри Тошканд

ТВТ. 03.06.2022. 2 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Тошканд аз Парки техникӣ боздид ба амал оварда, бо фаъолияти он шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи замонавӣ соли 2019 ба хотири рушди минбаъдаи соҳаи саноат ва тавсеаи истеҳсоли маҳсулоти мавриди ниёзи мардум бунёд шуда, дар ин ҷо 17 лоиҳа ба маблағи умумии 365 миллион доллари америкоӣ амалӣ карда мешавад.

Таъкид гардид, ки ҳадаф аз таъсиси парки техникӣ истеҳсоли молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот, истеҳсоли ашёи зарурии рӯзгор ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Айни ҳол дар Парки техникии Тошканд қариб 5 ҳазор нафар фаъолият доранд.

Зимни боздид аз парки техникӣ Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо намоишгоҳи молҳои саноатӣ ва кишоварзии корхонаҳои саноатии Узбекистон шинос шуданд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсулоти дар корхонаҳои технопарк истеҳсолшаванда, аз ҷумла асбоби рӯзгор, ҳисобкунакҳои электронии газ, лифт, насосҳои обкаш, кондитсионерҳои саноатӣ, таҷҳизоти яхдон ва мошинҳои ҷомашӯӣ муаррифӣ карда шуд.

Дар намоишгоҳ молу маҳсулоти 24 корхонаи саноатии 14 шаҳру ноҳияи Узбекистон ба маъраз гузошта шуда буд.
Сарони давлатҳо баъди шиносоӣ бо фаъолияти парки техникӣ ба раҳбарони соҳаҳо барои ҳамкории зичу пурсамар ва таҳияи лоиҳаҳои муштарак дастур доданд.

Манбаъ: prezident.tj

Tags: