Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилиро дар ноҳияи Ванҷ ифтитоҳ намуданд

20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ванҷ ҳамчунин бинои нави сеошёнаи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ин ноҳияро ба истифода доданд.

Иншооти нав дар доираи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фароҳам сохтани шароити мусоиди корӣ барои кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ин ноҳияи дурдасти мамлакат ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

Масоҳати умумии ҳудуди бинои нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ  0,29  гектарро дар бар гирифта, иншоот бо тарҳи муосир ва намои хеле зебо сохта шуда, дорои 32 утоқи корӣ бо тамоми шароит мебошад.

Дар бинои нав дар заминаи дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ташкили китобхонаҳо дар назди муассисаву идораҳо барои кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ванҷ китобхона бо адабиёти гуногуни ҳуқуқиву соҳавӣ  ҳам ташкил гардидааст.

Маҷлисгоҳи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ванҷ дорои 40 ҷойи нишаст буда, барои баргузории ҷамъомаду чорабиниҳои гуногун мувофиқ мебошад.

Дар бинои нав меҳмонхона ва хобгоҳ низ мавҷуд буда, барои истироҳати кормандон дигар шароити хуби корӣ муҳайё карда шудааст.

Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати беҳтар намудани шароити кору хизмат, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии ҳайати шахсӣ ва тақвият бахшидани заминаҳои моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат тадбирҳои муҳим амалӣ гардида, дар ин самт пешравиҳои назаррас ба миён омадаанд.

Зимни корҳои сохтмонӣ асосан сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд.

Кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ванҷ то ин вақт дар бинои кӯҳна фаъолият мекарданд, ки дорои шароити на он қадар хуби корӣ буд.

Дар ҳавлии бинои нав барои 150 нафар ҳайати шахсии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ошхонаи замонавӣ ва дар шафати он майдонча бо масоҳати умумии 600 метри мураббаъ сохта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити фаъолият дар бинои нави шуъбаиВазорати корҳои дохилӣ  кормандонро барои  хизмати содиқона ба халқу Ватан, саҳмгузории бештар дар таҳкими волоияти қонун, ҳимояи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҳидоят намуда, иншооти навро туҳфаи арзишманди давлату Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои таҷлил аз 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони соҳа дар ин ноҳияи кӯҳистони мамлакат маънидод карданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: