8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Спитамен аз хоҷагии деҳқонии «Саидмурод Саркор» дидан намуданд.
Хоҷагии мазкур дорои 320 гектар, аз ҷумла 84 гектар замини корами обӣ буда, саҳмдорон кишту парвариши ҳама намуди зироатро ба роҳ мемонанд. Сохтори кишти хоҷагиро соли равон 6 гектар гандум, 5 гектар пиёз, 8,5 гектар ҷуворимакка барои дон, 2,5 гектар сабзавот, 2 гектар картошка, 11,5 гектар хӯроки чорво ва инчунин пахтаро ташкил медиҳад.
Дар назди хоҷагӣ сокинони ноҳияи Спитамен намоишгоҳи васеи маҳсулоти кишоварзӣ ташкил намуда, ҳосили зироати аз кишти такрорӣ ҷамъовардаи хешро ба маъраз гузоштанд.
Дар ноҳияи Спитамен парвариши зироати кишоварзӣ дар кишти такрорӣ ва аз он гирифтани ҳосили дилхоҳ имконпазир аст. Бо назардошти ин сокинон кӯшиш мекунанд ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, бо ҷамъоварии ҳосили бештари зироати кишоварзӣ дар таъмини бозори истеъмолии мамлакат саҳм гузоранд ва барои худ шароити созгори зиндагӣ низ ташкил намоянд.
Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, соли равон хоҷагидорони ноҳия дар майдони умумии 1770 гектар кишти такрорӣ гузаронида, ҳоло ҳосили дилхоҳ ба даст оварда истодаанд. Фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар намоишгоҳ аз ҳосили хуби зироати кишоварзӣ дар кишти такрорӣ дарак медиҳад.
Дар кишти такрорӣ кишоварзони ноҳия шолӣ, зироати лубиёгӣ, сабзавот, картошка ва дигар намуд зироати ба иқлими ноҳия мутобиқ кишт намудаанд. Ҳоло ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Спитамен ҳам аз кишти асосӣ ва ҳам аз кишти такрорӣ бо маром идома дорад.
Маҳсулоти кишоварзии аз заминҳои ноҳия ба дастомада, қариб ба тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат интиқол дода мешавад. Мавриди зикр аст, ки то моҳи сентябри соли равон кишоварзони ноҳияи Спитамен аз масоҳати умумии заминҳои киштшуда, ки ба 15028 гектар баробар аст, 15550 тонна ғалладонагӣ, 3091 тонна сабзавот, 1586 тонна полезӣ, зиёда аз 3000 тонна картошка ва 1200 тонна ҷуворимакка барои дон ҷамъоварӣ намудаанд.
Баъди боздид аз намоишгоҳ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии “Саидмурод Саркор” бо рафти ҷамъоварии пахта шинос шуданд. Соли равон саҳмдорони хоҷагӣ дар майдони 48,3 гектар пахтаи навъи “мая” кишт намудаанд. Ҳосили интизориро аз майдони пахтазор дар хоҷагии мазкур мутахассисони соҳа 50-55 сентнер ҳисоб кардаанд.
Айни замон дар ҳамаи хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Спитамен ҷамъоварии ҳосил идома дошта, дар чанде аз онҳо аллакай чиниши якум ба анҷом расидааст. Соли равон масоҳати умумии зироати пахта дар ноҳия ба 6027 гектар расонида шудааст ва ҳосили то ба имрӯз дар корхонаҳои пахтатозакунӣ ҷамъоваришуда 6572 тоннаро ташикил медиҳад, ки 47 фоизи нақшаи пешбинишударо дар бар мегирад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи самараноку оқилонаи замин ва ҷамъоварии ҳосили фаровони зироати кишоварзиро дар ноҳияи Спитамен шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат ҳисобида, масъулинро барои то сатҳи ниҳоӣ коркард намудани пахта дар дохили мамлакат вазифадор намуданд.
АМИТ «Ховар»