Сарвари давлат дар ифтитоҳи марҳилаи якум ва оғози корҳо дар марҳилаи дуюми роҳи марказии шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод иштирок намуданд

Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба водии Рашт, дар ноҳияи Нуробод марҳилаи якуми роҳи марказии шаҳраки Дарбандро ифтитоҳ намуда, ба марҳилаи дуюми корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур оғоз бахшиданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, роҳи мазкур дар марҳилаи аввал бо дарозии 1,1 километр бунёд ёфта, корҳои сохтмонӣ бо назардошти меъёрҳои ҷаҳонии роҳсозӣ анҷом дода шудаанд. Паҳноии роҳ 15 метрро дар бар гирифта, бо хатҳои ҳаракати нақлиёт аз ду самт таъмин мебошад. Ҳамчунин дар роҳ 100 адад аломати огоҳкунанда насб гардида, дар он барои убури пиёдагардон дар нуқтаҳои алоҳида мавзеъҳои пиёдагузар мавҷуд мебошанд.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар доираи корҳои сохтмонӣ, ҳамчунин дар масоҳати 5400 метри мураббаъ роҳҳои пиёдагард пурра сафолакпӯш карда шуд. Дар ин масир барои истироҳати шаҳрвандон 10 адад нишастгоҳ насб шуда, ҷиҳати таъмини тозагӣ пиёдароҳа бо 10 қуттии партовпартоӣ низ таъмин мебошад.

Роҳи марказии шаҳраки Дарбанд аз ҷониби Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО-и Роғун” бунёд ёфта, корҳои сохтмонии он моҳи марти соли ҷорӣ бо ҷалби 40 мутахассис оғоз шуда буданд. Дар ин давра корҳо аз рӯи стандартҳои роҳсозӣ анҷом ёфта, мушкилоти аҳолии шаҳрак ва гирду атрофро ҷиҳати рафтуои бемамоният бартараф намуд.

Ҳамчунин роҳи навбунёд пурра чароғон карда шудааст. Дар шафати роҳ 80 адад симчӯби барқии равшанидиҳанда насб шуда, дар онҳо 160 чароғаки муосир барои таъмини рушноӣ васл гардидаанд, ки ҳусни кӯчаи марказии шаҳракро боз ҳам зеботар менамоянд.

Пешвои муаззами миллат дар ин ҷо ба марҳилаи дуюми сохтмони роҳи марказии шаҳраки Дарбанд расман оғоз бахшиданд. Тибқи лоиҳа дар марҳилаи навбатӣ 1,2 километр роҳ бунёд шуда, он бо системаи равшанидиҳӣ, новаҳои обрав ва хати ҳаракати дусамта таъмин мегардад. Пиёдароҳаи шафати роҳ низ дар масоҳати 5444 метри мураббаъ сафолакпӯш карда мешавад.

Тавре иброз гардид, дар идомаи корҳои сохтмонии марҳилаи дуюм роҳ бо 76 адад симчӯби барқии равшанидиҳанда ва 152 чароғак таъмин хоҳад шуд. Тибқи нақша, дар иншооти мазкур наздик ба 50 адад аломати роҳ насб карда мешавад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта дар марҳилаи аввали роҳи мазкур баҳои баланд дода, сохтмончиёнро вазифадор намуданд, ки дар марҳилаи навбатӣ низ корҳоро бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонанд, то ки роҳ солиёни зиёд ба аҳолӣ хизмат намояд.

Қобил ба тазаккур аст, ки бунёди роҳи марказии шаҳраки Дарбанд ва оғози марҳилаи дуюми корҳои сохтмонӣ идомаи тадбирҳои созандагӣ дар ҳудуди ин шаҳраки тозабунёд буда, дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва дастрасии саривақтӣ ба хизматрасониҳои гуногун, дар ин ҷо дигар корҳои ободонӣ, аз қабили кашидани хатҳои иловагии таъмини оби нӯшокӣ ва корез, барқ, сохтмони ҳавзҳои обгирӣ, бунёди муассисаҳои таълимии миёнаву касбӣ дар назар дошта шудаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: