Барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Финляндия Саули Вяйнямё Нийнистё ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Финляндия Саули Вяйнямё Нийнистё ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Президент,

Хоҳишмандам табрикоти маро ба муносибати 25-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Финляндия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.

Бесаброна таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаамонро интизорам».

www.president.tj