Санаи бозиҳои лигаи наврасони Тоҷикистон маълум гардид

24 июни  соли равон, Лигаи наврасони Тоҷикистон байни бозингарони то 18-сола шурӯъ мешавад. Дар мусобиқа нӯҳ даста иштирок мекунад. Дар арафаи оғози мусобиқаи қаҳрамонӣ байни дастаҳои наврасони то 18 сол дар идораи Федератсияи футболи Тоҷикистон бо иштироки мураббиёни дастаҳои иштирокчӣ вохӯрии машваратӣ баргузор гардид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки дар мавсими имсола дар лигаи наврасони Тоҷикистон байни бозингарони то 18 сол нӯҳ даста ширкат меварзад. Инҳо  дастаҳои футболи «Ашт» (сармураббӣ Шараф Дадоматов), «Орзу- 26» (Рустам Қурбонов), «Рашван» (Ҷаваршо Шоҳғиёсов), МҶМОВ (Зафар Игамбердиев), «Регар-ТадАз»  (Фаррух Чориев), ММВЗО (Абдулҳамид Салимов), «Хатлон»  (Камол Ортиқов), «Хуҷанд»  (Ҷомихон Муҳиддинов) ва КМВА (Ҷамшед Тоҳирӣ) мебошанд. Шурӯъи мусобиқа рӯзи чоршанбеи 24 июн нақшагузорӣ шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: