Дар Ашқобод ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркманистон баррасӣ гардид

28 декабр дар Ашқобод мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо  Вазири тиҷорат ва равобити иқтисодии хориҷии Туркманистон Оразмират Гурбанназаров баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунии ҳамкории тиҷоративу иқтисодиро мусбат арзёбӣ намуда, тавсеаи муносибатҳои тиҷоратӣ, густариши ҳамкории сармоягузорӣ, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои фанноварӣ, нассоҷӣ ва кишоварзиро бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷараёни мулоқот инчунин дар бораи кушодани Маркази тиҷорати Тоҷикистон дар Ашқобод ва Хонаи тиҷорати Туркманистон дар Душанбе мубодилаи афкор сурат гирифт.

Акс аз ВКХ ҶТ
АМИТ «Ховар»

Tags: