Сафири Тоҷикистон ва Раиси Агентии иттилоотии Саудӣ масоили иттилоотиро баррасӣ карданд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Раиси Агентии иттилоотии Саудӣ Абдуллоҳ ибни Фаҳд Ал-Ҳусайн мулоқот намуд.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар соҳаи иттилоот ва ахбори омма баррасӣ шуданд.

АМИТ "Ховар"

Tags: