Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба зодрӯзи мутафаккири барҷаста МавлоноҶалолиддини Балхӣ симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Мавлоно — васлгари халқҳо ва тамаддунҳо» ба кори худ оғоз кард. Дар он олимону муҳаққиқон ва донишмандон аз давлатҳои Тоҷикистон, Туркия,Ӯзбекистон, Эрону Афғонистон ва Германия иштирок доранд.
Тибқи барномаи таҳияшуда, дар симпозиум масъалаҳои «Мавлоно ва мавлавишиносӣ дар Осиёи Марказӣ», «Мавлоно ва мавлавишиносӣ дар Туркия», «Нақш ва мақоми Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар густариши фарҳанги мадоро дар ҷаҳон», «Масъалаҳои рӯзгор ва осоршиносии Мавлоно», «Андешаву афкори фалсафӣ, ахлоқӣ ва эстетикии Мавлоно», «Маснавии маънавӣ ва нақши он дар адабиёт ва фарҳанги ҷаҳон», «Мавлоно ва ҷаҳони муосир» мавриди муҳокима қарор мегиранд.
Симпозиуми мазкур ду рӯз: 19–20 октябр идома ёфта, зимни он ташкили намоишгоҳи нусхаҳои қадимӣ ва хаттотӣ дар васфи ҳазрати Мавлоно дар назар аст.
Зикр кардан ба маврид аст, ки Мавлоно ва осори оламшумули ӯ дар Тоҷикистон аз ҷойгоҳи хоссае бархӯрдор буда, тоҷикон осори Мавлоноро бахше аз мероси адабӣ ва миллии худ мешуморанд. Аз ин сабаб, соли 2007 дар Душанбе 800-солагии Мавлоно дар сатҳи баланд ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, донишмандони шинохтаю мавлоношиносон ҳамоиши байналмилалӣ баргузор гардид. Дар он доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули адабиёти асримиёнагии тоҷик сухан рафт. Ҳамон сол яке аз ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон — собиқ Колхозобод дар водии Вахш ба номи Ҷалолиддини Балхӣ иваз гардид ва дар маркази он муҷассамаи Мавлоно гузошта шуд.
АМИТ "Ховар"