Сафири Тоҷикистон бо Раиси Шӯрои мудирони Маҷмӯаи ширкатҳои агросаноатии «Ал-Сулайтин»-и Давлати Қатар мулоқот кард

16 июли 2019 дар Давҳа мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Қатар Хисрав Соҳибзода бо Раиси Шӯрои мудирони Маҷмӯаи ширкатҳои агросаноатии «Ал-Сулайтин»-и Қатар Абдуллоҳ ал-Сулайтин баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо натиҷаҳои сафари гурӯҳи кории Маҷмӯаи ширкатҳои агросаноатии «Ал-Сулайтин» ба Тоҷикистонро, ки 8-12 июли соли равон сурат гирифта буд, мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷониби қатарӣ бо дарназардошти имкониятҳои фарохи соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон барои роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд дар самти содироти маҳсулоти кишоварзӣ, асал, гӯшт ва оби нӯшокӣ аз Тоҷикистон ба Қатар изҳори ҳавасмандӣ намуд.

Зикр гардид, ки Маҷмӯаи агросаноатии «Ал-Сулайтин» ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои мазкур алоқаманд мебошад.

Инчунин зимни мулоқот оид ба роҳҳо ва механизмҳои роҳандозии ҳамкорӣ ва татбиқи тавофуқоти дар Душанбе ҳосилшуда табодули назар сурат гирифт.

АМИТ «Ховар»

Tags: