Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Муғулистон эътимоднома супорид

7 ноябр дар шаҳри Улан – Батор Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон Хайрулло Ибодзода эътимодномаи хуро ба Президенти Муғулистон Халтмаагийн Баттулга супорид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни суҳбати кӯтоҳ Сафири Тоҷикистон паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Муғулистон расонид.

Х. Баттулга эҳтироми худро ба Сарвари давлати Тоҷикистон изҳор намуда, таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории бисёрҷабҳаи ду давлатро муҳим арзёбӣ намуд.

АКС ВКХ ҶТ
АМИТ «Ховар»

Tags: