8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин бо боздиди корӣ ба шаҳри Москва сафар карданд.
Дар назар аст, ки дар рафти ин сафар Сарвари давлати мо бо Президенти Федератсияи Россия мулоқоти дуҷониба анҷом дода, ба ҳайси Раиси амалкунандаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба Паради низомӣ, ки бахшида ба 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба 9 май дар Майдони сурхи шаҳри Москва баргузор мегардад, ташриф хоҳанд овард.
АМИТ «Ховар»