Ҷойи ҳафтуми Комроншоҳи Устопириён дар Фаронса

Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи байналмилалии дзю-дочиён бо номи «Paris judo Grand Slam» («Тоскулоҳи бузурги дзю-до»), ки дар шаҳри Парижи Фаронса ба анҷом расид, мақоми ҳафтумро сазовор гардидааст.
Ба иттилои расонаҳо дар қуввасанҷии мазкур, ки рӯзҳои 11-12 феврал гузаштааст, 409 варзишгар (259 мард ва 150 зан) аз 61 кишвари дунё ширкат варзидаанд, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ чаҳор гӯштингир намояндагӣ кардааст. Гуфта мешавад,танҳо Комроншоҳи Устопириён муваффақ гардид, ки натиҷаи хубтар нишон диҳад. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 90 килограмм  дар ду қувваозмоӣ бар рақибонаш Зачари Бурт аз Канада ва Самули Виитанен аз Финландия пирӯз шуд. Вале баъдан Комроншоҳ аз Хинзао Ченг аз Чин ва Бека Гвиниашвили аз Гурҷистон мағлуб ва дар натиҷа ҷойи ҳафтумро соҳиб гашт. Дар ин вазн Хинзао Ченг, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Аксел Клергети фаронсавӣ ғолиб омад, мақоми аввалро касб намуд.
Акмал Муродов, ки дар вазни то 81 кило ҳунарнамоӣ кардааст, дар нахустин қувваозмоияш бар Николас Долпополо аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дастболо шуда, дар даври баъдӣ аз Дагвасурен Нямсурени муғул шикаст хӯрдааст. Дар ин вазн боз як гӯштингири тоҷик  Сафарбек Муродов низ иштирок карда, дар даври аввал аз Аттила Унгвари аз Венгрия мағлуб шудааси. Ба Абдулваҳҳоб Сатторов дар вазни то 100 кило муяссар нашуд, ки бар паҳлавони ӯзбекистонӣ Соиб Қурбонов ғалаба кунад.
Дар ҳисоби умумидаставӣ дастаи мунтахаби Ҷопон бо касби 13 медал (7 тилло, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ) мақоми аввалро аз худ кардааст.

Tags: