Ҳавои номуътадили чанд рӯзи оянда: ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон аз 30-уми март то 1-уми апрели соли равон дар қаламрави мамлакат ҳавои номусоид боқӣ мемонад. Дар водиҳо боришоти шадид ва дар минтақаҳои куҳӣ раъду барқ ва барфи тар пешгӯӣ мешавад. Шамол аз тарафи ғарб дар як сония аз 17 то 22 метр мевазад. Бар асари ҳавои бад эҳтимол меравад дар баъзе минтақаҳо аз раъд осеб расад.
Хатари болоравии сатҳи об дар дарёҳои Қизилсӯ, Яхсӯ ва Оби Хингов, ҳамчунин рудхонаҳое, ки дар водии Ҳисор ҷойгиранд таҳдид мекунад. Дар роҳҳои куҳӣ эҳтимоли сангрезӣ ва лағзиши тарма вуҷуд дорад.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хеле бо эҳтиром хоҳиш мекунад то ҳадди имкон аз сафарҳо бо роҳҳои куҳӣ ва хатарзо худдорӣ намоянд, муваққатан аз корҳои кишоварзӣ, омода намудани ҳезум аз куҳҳо ва шикор низ даст кашанд.

www.khf.tj