«Ман масъулияти бузурги худро дар назди Ватан ва манфиатҳои давлату миллат, имрӯзу фардои он, ҳифзи истиқлолу якпорчагии кишвар, амният ва саодати халқи азизам бо тамоми ҳастӣ дарк менамоям ва барои ба ҷо овардани боварии кулли шаҳрвандони Тоҷикистон нерӯву тавон, донишу таҷриба ва гузашта аз ин, ҳастии худро дареғ намедорам.
Ман ба нерӯи созандаву бунёдкоронаи ҳар як фарди мамлакат ва фардои пешрафтаву ободи Тоҷикистони азизамон эътимоди комил дорам.
Ҳамчунин итминон дорам, ки вазифаҳои дар наздамон қарордоштаро бо сари баланд иҷро намуда, барои ободиву сарсабзии минбаъдаи Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон тамоми нерӯи худро истифода мебарем.
Барои расидан ба ин ҳадаф, пеш аз ҳама, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, сарҷамъӣ ва ваҳдати мардуми Тоҷикистон, дӯст доштани Ватан, обу хоки он, заҳмати шабонарӯзӣ ва фаъолияти содиқонаву софдилонаи ҳар як фарди бонангу номуси Ватан зарур мебошад.
То ҷон дар бадан дорам, барои ба ҷо овардани бовариву эътимоди халқи азизам ва муҳайё намудани шароити зиндагии шоиставу сазовор ба ҳар хонадони кишвар заҳмат мекашам ва дар ин роҳ агар лозим шавад, ҷони худро фидо хоҳам кард».
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон