Рӯзҳои истироҳатӣ дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, рӯзҳои истироҳатӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо фаромадани туман дар назар аст.

Имрӯз, 17 феврал дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-5 дараҷа сард ва рӯзона 2-4 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи абрнок шуда, дар ғарби вилоят шабона ва рӯзона 5-10 ва рӯзона 4-1 дараҷа сард хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 15-20 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, рӯзона фаромадани туман  пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8  метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 1 ва рӯзона 2-4 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар шаҳри Душанбе шабона 0-2 ва рӯзона 12-14 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ "Ховар"

Tags: