Рӯзҳои фарҳанги ВМКБ дар Суғд баргузор мешавад

Дар остонаи 20 солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ зиёда аз 300 нафар кормандони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ВМКБ аз ҷумлаи шоирону олимон, ҳунарпешагон, косибон, рассомон,омӯзгорон ва хабарнигорон ба вилояти Суғд сафар мекунанд.
Азорабек Азорабеков, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ВМКБ гуфт, ки сокинони вилояти Суғд дар ин рӯзҳо имкон пайдо мекунанд, ки намоишномаҳои беҳтарини ҳунармандони ноҳияҳои Рӯшон Шуғнон, Ишкошиму Мурғоб ва Ванҷу Дарвозро тамошо кунанд. Дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ аҳли ҳунари ВМКБ дар шаҳру навоҳии ин вилоят барномаи вижаи адабӣ мусиқӣ бо номи «Арӯси Бадахшон»ро ба намоиш мегузоранд.
Дар паи ин сафари чандрӯза ҳунармандони бадахшонӣ қасд доранд, ки бо ҳамтоёни суғдии худ дар самтҳои сӯзанидузӣ, атласу адрасбофӣ ва қолинбофӣ табодули таҷриба кунанд.
Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед зимни таҳияи барномаи сафар изҳор дошт, ки ин чорабинӣ бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар ҷашни ҷумҳуриявии Ваҳдати миллӣ, ки соли гузашта дар шаҳри Хоруғ баргузор шуд, сурат мегирад. Чунин дидору мулоқотҳо дӯстию рафоқат ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни сокинони манотиқи мухталифи кишварро боз ҳам бештар таҳким мебахшад.

АМИТ «Ховар»

Tags: