Таъмири асосии роҳи хиёбони Рӯдакии пойтахт, ки 27 июн шурӯъ гардид, то 5 августи соли равон ба анҷом мерасад. Алҳол роҳсозон дар хиёбони мазкур, дар минтақаи майдони «Дӯстӣ», аз буриши кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур то буриши кӯчаи Бухоро корҳои таъмириро ба анҷом расонида, ба асфалтпӯш кардани он машғул мебошанд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин минтақа бо ҷараёни корҳои таъмирӣ аз наздик шинос шуда, бо масъулин ҳамсуҳбат гардид.
Тибқи иттилои масъулин, фармоишгари таъмири асосии хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи С.Айнӣ то буриши кӯчаи Карамов) Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, пудратчии асосии корҳои сохтмонии иншооти мазкур Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Заводи асфалту бетон» мебошад.
Алҳол дар ин минтақаи роҳ 100 нафар коргарон бо истифодаи зиёда аз 40 адад техникаи муосири роҳсозӣ ба таври шабонарӯзӣ дар се баст фаъолият доранд.
Хотиррасон менамоем, ки корҳои таъмиру навсозии роҳи хиёбони Рӯдакӣ қитъа ба қитъа гузаронида мешавад. Бинобар ин дар ин давра дар қитъаҳои таъмиршавандаи роҳ ҳаракати ҳама гуна намуди воситаҳои нақлиёт қатъ карда мешавад.
Ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофирбари хатсайрҳои автобусии №-№1, 3А ва №18 тариқи кӯчаҳои ҳамшафат ба роҳ монда шуда, фаъолияти троллейбуси хатсайри №1 муваққатан қатъ гардидааст.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»